25-умин солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!

 

         Бо эҳтиром ва самимияти беандоза Шумо ва аҳли кормандонатонро аз номи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику таҳният гуфта,бароятон умри дароз, хотири ҷамъ ва файзу баракати рӯзгорро таманно дорем.

         Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун шиносномаи миллат ва санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби тамоми шаҳрвандони мамлакат тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида,  ҳидоятгари  ҷомеаи озоду ҳуқуқбунёд ва демократӣ ба ҳисоб меравад.

         Дар ҳамин лаҳзаҳои фараҳбахш, бори дигар, ба Шумо 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

 

         Бо эҳтиром, Ҷумъахонзода Ҷ. Ҷ.