Намоишгоҳи байналмилалии сармояҳои берунаи Чин

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 28-29 ноябри соли 2019 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин 11-умин намоишгоҳи байналмилалии сармояҳои берунаи Чин  зери унвони “Ҳамкорӣ бо созандагии баланд барои рушди бомуваффақияти Камарбанд ва Роҳ” дар назар буда,  ба мавзӯъҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, инчунин вохуриҳо миёни корхонаҳо ва пешниҳоди лоиҳаҳои нав бахшида мешавад.

Дар ин намоишгоҳ зиёда аз 100 кишвари дунё ва 1000 ширкату корхонаҳои  чинӣ ва хориҷӣ ширкат варзида, зимни он 30 чорабинии параллелӣ гузаронида мешаванд.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.