Вохӯрии роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мудири иҷроияи котиботи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо Осиёи марказӣ

     Санаи 05.11.2019 дар толори маҷлисии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Палатаи савдо ва саноат Сангов Одил бо Мудири иҷроияи котиботи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо Осиёи марказӣ ҷаноби  Ким Сонг-ин вохӯрӣ намуданд. Инчунин аз ҷониби кореягиҳо намоянда аз Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Вучул Ли (Woochul Lee) ва намоянда аз Донишкадаи баҳрии Корея ҷаноби Сунг-ҷун Парк (Sung-Jun, Park) дар вохӯрӣ иштирок доштанд.

   Аз ҷониби меҳмонон пешниҳод гардид, ки барои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, соҳибкорию сармоягузорӣ ва ғайра, миёни кишварҳои якдигар Ассосиатсияи  Палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Корея бо Осиёи марказӣ ё Шӯроӣ кории  Ҷумҳурии Корея бо Осиёи марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиситон ташкил карда шавад, ки оиди ин масъала  дастгирӣ ва ҳамкориро аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намуданд. Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумуҳурии Тоҷикистон ташкил намудани Шӯрои кории Ҷумҳурии Корея бо Осиёи марказиро мувофиқи мақсад шуморида, қайд намуданд, ки омӯзиши таҷрибаи кории Шӯрои кории Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар он кишварҳои Осиёи марказӣ шомил мебошанд ба манфиати кор хоҳад буд. Аксарияти кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро Палатаҳои савдо ва саноат намояндагӣ карда, қисми миллии Шӯрои кориро дар бар мегиранд. Инчунин, дар мавриди  Шӯрои кории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи марказӣ, ташкил намудани Котиботи доимамалкунанда дар назар дошта шавад. 

   Зимни вохӯрӣ, масъалаҳои ташкили корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунидҳо иброз гардид.

    Инчунин ҷонибҳо дар воҳӯрӣ оиди ҷалби соҳибкорони кореягӣ барои ҳамкорӣ намудан бо Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.