“IndusFood”, “IndusFood-Tech” ва “IndusFood-Chem”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки рӯзҳои 8-9 январи соли 2020 дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон  намоишгоҳҳои байналмилалии озуқаворӣ  “IndusFood”, “IndusFood-Tech” ва “IndusFood-Chem” баргузор мегардад.

   Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бастаи меҳмоннавозӣ пешниҳод карда мешавад. Арзиши иштирок барои хоҳишмандон дар намоишгоҳҳои мазкур 250$ (доллари ИМА) муайян шудааст. Ин маблағ баро чиптаи парвоз ба шаҳри Деҳли ва бозгашт, зист дар меҳмонхонаи 4/5*, таъмини тақлиёт ба фурудгоҳ, тарҷумонҳо барои музокирот, платформаи интернети барои мулоқотҳои корӣ ва дигар хизматрасониҳоро дарбар мегирад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL