Вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати вилояти Тюмени Федератсияи Русия

   Санаи 20.11.2019 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо ҳайати вилояти Тюмени Федератсияи Русия бо роҳбарии сардори раёсати саноат ва соҳибкорӣ ҷаноби Ладнер Валерий Владимирович вохӯрӣ намуданд.

   Ҳамчунин дар мулоқот мутахассиси Маркази фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳодияи Палатаи савдо ва саноати вилояти Тюмен Кривова Юлия Александровна ва Директори тиҷоратии ҶДММ Ламифор-Тюмен (истеҳсолкунандаи мебел ва таҷҳизот барои муассисаҳои таълимӣ) Коновалова Алексадра Александровна иштирок доштанд.

   Раиси Палатаи савдо ва саноат меҳмонони русиягиро ба сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам намуда оиди фаъолияти асосӣ ва ваколатҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳури Тоҷикистон равшанӣ андохтанд.

   Инчунин Ҷумъахонзода Ҷамшед меҳмонон аз вилояти Тюменро ба Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон-2020 ки дар моҳҳои март-апрели соли 2020 дар назар аст, барои иштирок варзидан даъват намуданд. 

   Зимни вохӯрӣ, масъалаҳои ташкили корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунидҳо иброз гардид.

   Ҷаноби Ладнер Валерий Владимирович иброз доштанд, ки вилояти Тюмен аз ҳисоби сармоягузори намудан айни замон дар Федератсияи Россия ҷойи сеюм баъд аз ш. Москва ва ш. Казан ба ҳисоб меравад ва онҳо омодаанд барои ҳамкорӣ намудан бо вазорату идораҳои Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани корхонаҳои нефтбарорӣ дар яке аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои нефтҳои мушкилёб мебошад, ташкил намоянд.

   Ҳамзамон Раиси Палатаи савдо ва саноат иброз доштанд ҷиҳати ҷалби соҳибкорони русиягӣ барои ҳамкорӣ намудан бо Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намоянд