Вохурии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Санаи 21 ноябри соли 2019 Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории Қазоқистон ва Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар фарҷоми сӯҳбат Сафир ба Ҷамшед Ҷумъахонзода барои мулоқот миннатдорӣ баён намуда, омодагии худро барои ҳамкории пурсамар дар таҳкими муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодӣ изҳор намуд.

   Инчунин, Раиси Палатаи савдо ва саноат соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистонро ҷиҳати иштирок намудан дар Намоишгоҳҳои байналмилалии универсалии «Тоҷикистон», ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарсоле ду маротиба дар фаслҳои баҳору тирамоҳ ташкил ва баргузор карда мешаванд даъват намуданд.

   Ҳамзамон таъкид гардид, ки масъалаи иштирок намудани соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои дар қаламрави Қазоқистон баргузор шаванда низ имкониятҳои зиёдро барои ба бозорҳои Қазоқистон баровардани молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфт намудани шарикони ҳамкор ва васеъ намудани ҳамкориҳоро тақозо менамояд.