Конвенти Байналхалқии «Ҷаҳони тиҷорат – 2019» дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон шуда гузашт.

   21-22  ноябри соли 2019 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 13 – умин конгресс – Конвенти байналхалқӣ тиҷоратии «Ҷаҳони тиҷорат – 2019» бо иштироки истеҳсолкунандагону воридкунандагон ва миёнаравҳо ва инчунин мулоқоти намояндагони Палатаҳои савдо ва саноати ИДМ дар мавзӯи «Имконияти баргузории конгрессҳо ва анҷумани берунаҳо» баргузор гашт. Ташкилкунандаи ин чорабинии мазкур ширкати байналхалқии «EXIMEXPO».

     Мақсади асосии чорабинӣ рушди содироти молистеҳсолкунандагон ва муносибатҳои тиҷоратии байналхалқӣ. 

   Дар кори ҷаласа намояндагони Палатаҳои ИДМ : намояндагони Палатаҳои вилоятҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Украина,Ҷумҳурии Белорус,Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкатҳои пешрафтаи Федератсияи Россия, Қазоқистон азҷумла: «Мой Бизнес», «Песня Лета», «Лукоморья», «MAXIMUS», «GREENECO», «TMC», «MAGO», «LEMONAD», «STORE», «MAGNUM», «ROMEOROSSI», «Кыргиз Шампаны», «FOODOVIK», «RETA», «KORZINKA», «SASGROUP», «Аян», «Светофор», «Бахетле», «Добрянка», «Тоимарт», «Кенмарт», «Асар», «Астана», «Баумаркет», «Алтин алма», «Аспан», «Азия», «Прима дистрибюшин», «Фуд вайн», «Темл», «Сити», «Мир торговли», «Фаровон  УЗ», «Амид сети супремаркетҳои Тоҷикистон», «Лидер Тоҷикистон», «Драгон Тоҷикистон», «Ярмарка», «РАХАТ» ва дигарон ширкат доштанду аксарияти онҳо корхонаҳои истеҳсолии худро муаррифӣ намуданд.  Ин чорабинӣ вохӯрии пеш аз солинавии  ширкатҳои истеҳсолкунанда, сетҳои супермаркетҳо, харидорону миёнравҳо буд. Аз ҷумла ширкати истеҳсолии Драгони вилояти Суғд бо якчанд харидорони Ҷумҳурии Узбекистон ва Қазоқистон оиди ба фуруш баровардани маҳсулоташон (тухми офтобпараст) шартнома бастанд. Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ ба сети супермаркетҳои «MAGNUM»  ва «CAREFOOD»  ба экскурсия рафтем ва таасуроти бойе  ширкаткунандагон ва харидорон гирифтанд. Худи чорабинӣ дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд. Зеро ки иштироккунандагон дар ҳамон меҳмонхонае, ки зиндагӣ мекарданд дар бинои он ҳамаи чорабиниро гузарониданд. Худиҳамон ҷо экспонатҳо ва молҳои истеҳсолкардаашонро пешкаш намуданд, ва дар ҳамон ҷо мураррифӣ намуда шартномаҳои ҳамкориро бастанд. Дар оянда бошад, мехоҳанд, ки чунин таҷрибаро дар дигар ҷумҳуриҳо гузаронида шаванд. Роҳбарияти Палата, ки дар намоишгоҳҳои ҷаҳонӣ ширкат варзида аз рӯи кушодани мавзӯъ таҷрибаи зиёд доранду сазовори ҷоизаҳои тиллоӣ гардидаанд, итминон дорам, дар сатҳи баланди касбӣ чунин чорабиниҳо мегузаронанд.