Маҳсулотҳои ватанӣ дар бозорҳои Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Чин

   Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатии хеш оид ба афзун гардонидани содироти молу маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дар асоси дастгирихои Хукумати мамлакат чиҳати афзун намудани содироти молу махсулот аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону корхонаҳои истеҳсолӣ бо мақсади рушди содирот ва бе монеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххас андешида ба ин масъалаҳо диққати махсус дода мешавад.

   Аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҶДММ “Субҳи Ватан” корхонаи консервбарорӣ мебошад, ки моҳи майи соли 2013 дар шахри Исфара таъсис ёфта ба истифода дода шудааст ва махсулоти худро бо бренди «Ширин» истеҳсол менамояд.                  

   ҶДММ “Субҳи Ватан” маьсулоти худро асосан то соли 2019 ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон содирот менамуд. Дар асоси дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорони ватанӣ ва содироткунандагон роҳабрияти ҶДММ “Субҳи Ватан” фаъолиятро дучанд намуда соли 2019 намудҳои гуногуни себи хушккарда шударо ба Олмон содирот намуд инчунин бори аввал маҳсулотҳои ин корхона ба монанди анзур, ғураоб ва барги ток ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  низ содирот карда шуд.

   Роҳбари ҶДММ “Субҳи Ватан” соли 2020 дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ нақша дорад ба ИМА, ки алакай харидорони аник дорад намудҳои гуногуни хушкмеваҳо, афшураҳои зардолу, олу, шафтолу ва помидорро, ки бо сифати баланд бастубанд шуданд, содирот намояд.

   Маҳсулоти ин коргоҳро инчунин харидорон аз кишварҳои Туркия, Литва ва Ҷумҳурии Қазоқистон дархост кардаанд, ки соли 2020 содирот карда мешаванд ва иқтидори солонаи корхонаро ният дорад ба панҷ миллион қуттии шартӣ расонад.

   Боиси зикр аст, ки иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «ЭКСПО 2019» дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сабаб гардид, ки ҶДММ «Зардолу ва компания» аз ноҳияи Ашт то ба имруз дар 14 намоишгоҳҳои гуногун дар як қатор музофотҳои Чин аз қабли Чун Син, Синдао, Нантонг, Сиан, Шанхай, Чанша, Ухан, Нанкин, Тайгу, Тайюан ва Чинду иштирок намуда дар ин давра зиёда аз 7.5 тонна намудҳои гуногуни меваи хушки ватаниро ба фурўш бровардааст.

   Тибқи маълумотҳо талабот ба чунин меваҳои хушки ватанӣ зиёд гардида истодааст ва ҶДММ «Зардолу ва компания» нақша дорад, ки содироти онро дар соли ҷорӣ афзун намояд.

 

Маркази матбуотии Палатаи савдо ва саноат