Мизи мудаввар бо иштироки намояндагони минтақаи Андалусии Испания дар мавзӯи сохтмони гармхонаҳои саноатӣ

Рӯзи 23 январи соли 2020 Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо намояндаи Палатаи савдои Андалуси (минтақаи ҷанубии Испания) дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаноби Адолф Ромеро де Морсел ва намояндаи ширкати  Prodinco ҷаноби Хосе Мигел вохурӣ намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо оиди имконияти ҳамкориҳои судманд дар ояндаи наздик, баргузории Бизнес Миссияҳо ва баргузории намоишгоҳҳо дар ҳарду мамлакатро, инчунин  масъалаҳои гуногун барои хамкориҳои мутақобилан судмандро зикр намуданд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмонон маълумот дар бораи фаъолияти Палата пешниҳод намуда онҳоро барои иштирок дар Намоишгоҳи Универсалии Байналхалқии «Тоҷикистон 2020 Баҳор»  даъват намуд.

Ҳамзамон  Раиси Палата меҳмононро оиди фаъолияти Минтақаҳои Озоди Иқтисодӣ шиносонида дар бораи афзалиятҳою имтиёзҳо барои сармоягузорони хориҷӣ ва ташаббусҳои Тоҷикистон оиди дастгирии сармоягузорон дар соҳаи иқтисодӣ маълумот доданд.

Меҳмонон дар анҷом ба Раиси Палата изҳори сипос намуда омодагии хешро барои фаъолияти пурсамар ва рушди муносибатҳои иқтисодии Испанияву Тоҷикистон иброз намуданд.

Баъди вохӯрии расмии Раиси Палата бо меҳмонон дар толори Дастгоҳи Марказии Палата мизи мудаввар бо намояндагони 9 корхонаҳо ва ширкатҳо –  аъзоёни  Палата, ки фаъолияташон оиди  мавзӯи сохтмони гармхонаҳои саноатӣ мебошанд, гузаронида шуда бо меҳмонон вохӯриҳои В2В баргузор гардид.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ