Нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   29-уми январи соли 2020 соати 10:00 ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.2011  № АП-1729, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 26/10-6 аз 22.01.2020с. дар Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Палата дар соли 2019 доир гардид.

   Дар чорабинии мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма: АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, «Садои Мардум», «Ҷумҳурият», “Народная газета”,“Минбари халқ”, “Фараҷ”,   Муассисаи Давлатии телевизиони,  “Сафина”, “Душанбе”, “Ҷаҳоннамо” радиоҳои  «Ховар», «Садои Душанбе», маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”  ва ғайра иштирок намуданд.

   Ба иштирокчиёни нишасти матбуотӣ ахбороти Раиси Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон оид ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилот дар соли 2019 пешниҳод гардид.

   Зикр карда шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат роҳҳои сиёсати давлатии инкишофи иқтисоди бозоргонии муосир, соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқии ҳифзшавандаи моликият, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулотҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва ба бахши хусусӣ додани имтиёзҳо, гузариш аз шакли аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ, Палатаи савдо ва саноат дар ин самт сиёсати инкишофи Бизнес-алоқа, истифодаи механизми зиёд намудани савдо, интегратсия ва мусоидат намудан барои иштироки бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои берунмарзӣ бо мақсади муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашудаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯро пеш мебарад.

   Палатаи савдо ва саноат бо аксар Палатаҳои ҷаҳон дар доираи тартибот самаранок ҳамкорӣ намуда, манфиати соҳибкоронро дар асоси фаъолияти Шӯроҳои корӣ ва иштироки онҳо дар намоишгоҳҳои мамлакатҳои дуру наздиқ таҷассум менамояд.

    Баъди хотимаи ахборот намояндагони васоити ахбор оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Палата саволҳо дода ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ба иштироккунандагони вохӯрӣ иловатан варақаи иттилоотӣ ва дигар маводҳо пешниҳод карда шуд.