Боздиди ширкатҳои Олтой аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Олтой ва дастгирии Намояндагии тиљоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 феврали соли 2020, соати 10:00 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми тиҷоратии намояндагони ширкатҳои Олтой ва доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

   Мақсади асосии гузаронидани чорабини мазкур ин дастгирии соҳибкорон барои дарёфт намудани шарикони хориҷӣ, баромадан ба бозорҳои байналмилалӣ ва зич намудани ҳамкориҳои минбаъда бо соҳибкорони хориҷи кишвар, ба ҳисоб меравад.

   Ҳайати тиҷоратии минтақаи Олтойро Раиси Палатаи савдо ва саноати Олтой – Борис Чесноков роҳбарӣ намуданд. Ҳайати мазкур аз намояндагони ширкатњои ҶДММ Велес-Опт (СОКОЛОВОЛЕС), ҶДММ «Восход», ҶДММ «AПХ» ва ҶСП «ПО Спецавтоматика» иборат буда, соҳаҳои ҷангалсозӣ, коркарди чӯб ва барқарорсозии ҷангал, истеҳсоли мањсулотњои кимиёвӣ, мањсулотњои кишоварзӣ, коркард ва истеҳсоли системаҳои автоматии сӯхтор, ҳушдордиҳии зидди сӯхтор ва идоракунии онҳо, иборат буд.

   Пеш аз ифтитоҳи расмии Форуми соҳибкорӣ, ҳайати Олтойро Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон ба ҳузур пазируфт.

    Дар рафти вохӯрӣ меҳмонон бо имкониятҳои пешбурди тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос карда шуданд ва дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои кофӣ гирифтанд. Дар Бизнес-форум намояндагони зиёда аз 20 ширкатҳои Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон иштирок намуда бо намояндагони ширкатҳои Олтой мулоқотҳои дуҷониба гузарониданд.

   Инчунин, дар доираи ташрифи ҳайати соҳибкорӣ, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмонон беш аз 6 вохӯрии боздидиро аз ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуданд. Аз он љумла: ҶДММ Симбо, ҶДММ «Акиа Авесто» Автоматик Индастри,, ҶДММ «Хакко Энтерпрайз», ҶДММ. Лесинвест », ҶДММ« Металлинвест », ҶДММ« Неко » ва ҶСК« Системавтоматика ». 

Маркази матбуотии ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL