БА ТАВАҶҶУҲИ СОҲИБКОРОН, ШИРКАТҲО ВА АССОСИАТСИЯҲОИ СОҲИБКОРӢ!

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи соҳибкорӣ дар заминаи таъсири пандемияи коронавирус COVID-19, вебинарро дар мавзӯъи “Бизнес-онлайн – такони рушд” баргузор менамояд.

Вебинар 5-уми июн соати 14-00 гузаронида мешавад.           

Ба тамоми саволҳои Шумо ҷавобҳои касбӣ ва ҳамчунин аз љониби коршиносон маслиҳатҳо дода мешавад.           

Инчунин, иштирокчиён метавонанд таҷриба ва тавсияҳои худро, ҳамзамон Бизнес идеяҳои худро, ки барои дигар соҳибкорон муфиданд, пешниҳод намоянд.           

Идеяҳои ҷолиб ва умедбахш бо мақсади ҷалби сармоя барои татбиқи онҳо ба шарикони рушд барои баррасӣ, пешниҳод карда мешаванд.           

Ба иштирокчиёни вебинар сертификатҳо супорида мешаванд!           

Барои иштирок дар вебинарҳо Шумо бояд маълумоти зеринро (ному насаб, ҷои кор, вазифа)-ро ба суроғаи почтаи электронии member.tpptj@gmail.com то соати 16.00 рӯзи 4-уми июн, пешниҳод намоед ва инчунин суроғаи почтаи электронии худро, барои пайванд намудани Шумоён ба платформа, ирсол намоед.           

Ғайр аз ин, барои роҳатии соҳибкорон ва бо мақсади ҷалби доираи васеи иштирокчиён, Шумо метавонед саволҳои худро, ки дар давом ва пас аз баргузорӣ пайдо мешаванд, тавассути паёмҳои фаврӣ тариқи viber, watsapp, телеграм ба рақамҳои зерин бифиристед (+992938449588 ва +9920110404). 

Телефонҳо барои тамос: +9920110404

Бо эҳтиром,

ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL