Портали онлайни автомобилҳо боркаш

Ба таваҷҷуҳи аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорон, ширкатҳо ва ассосиатсияҳои соҳибкорӣ!

Бо дарназардошти мушкилоти дарёфт намудани ҳамлу нақли мувофиқ барои интиқоли маҳсулот, махсусан дар робита ба бӯҳроне, ки бинобар пандемия ба вуҷуд омадааст, дастрасӣ ба маълумот оиди логистика аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Аз ин рӯ, лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва таъсиси ҷойҳои корӣ (CTJ) дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (AIATT) портали онлайни автомобилҳои боркашро роҳандозӣ кардааст. Портали мазкур ба содиротчиён имкониятҳои мувофиқ барои ёфтани ҳамлу нақли муфид ва камхарҷ барои таҳвили маҳсулот аз ҷониби ширкатҳои нақлиётиву логистикӣ, ки маълумот ва маршрутҳои худро мунтазам дар портал мегузоранд, пешниҳод мекунад.

 Суроғаи портал – https://portal.aiatt.tj

Барои аз портал пурра бархурдор шудан, қайд шудан (регистрация) зарур аст. Ҳамин тариқ, Шумо ба таври автоматикӣ ба саҳифаи телеграми ин портал низ қайд мешавед ва аз тамоми эълонҳои ширкатҳои логистикӣ огоҳ мешавед.

 

Бо эҳтиром,

ПСС ҶТ.

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL