Онлайн вохӯрӣ бо Ассотсиатсияи ширкатҳои Испаниягии «SERCOBE»

 

21  июли  соли 2020, Палатаи  савдо ва саноати   Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ  бо Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи  Шветсария, Кумитаи  давлатии  сармоягузорӣ ва  идораи  амволи   давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  КВД  «Тоҷинвест», аввалин  онлайн  видеоконфронсро  дар  мавзӯи «Дурнамо  ва  имкониятҳои   сармоягузориҳо  ба  Тоҷикистон» бо  иштироки Ассотсиатсияи  ширкатҳои  Испаниягӣ   баргузор  намуданд.

Дар  видеоконфронс Раиси  Палатаи савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон – Ҷумахонзода  Ҷамшед Ҷӯрахон, Сафири Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Конфедератсияи  Шветсария Ҳомидов Ҷамшед Тағоевич, Исмоилзода  Ҳаким – муовини сардори шуъбаи  ҳавасмандкунии сармоягузории Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва  идораи  амволи   давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Ҷавоҳирлар Музаффарӣ – муовини  директори  генералии  КВД «Тоҷинвест», Йоахим Зигерт – мушовири  КВД  «Тоҷинвест»,  инчунин  доктор Д. Антонио  Алонсо Маркосс – намояндаи  ширкатҳои  узви Ассотсиатсияи «SERCOBE»  ширкат  доштанд.

Дар  рафти видеоконфронс  Раиси  Палатаи савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон – Ҷамшед Ҷумахонзода ва Сафири Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Конфедератсияи  Шветсария Ҳомидов Ҷамшед  суханронӣ  намуда, таваҷҷӯҳи соҳибкорони  Испаниягиро ба  ҷаззобии  сармоягузорӣ, дурнамо  ва  имкониятҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, фаъолияти  минтақаҳои  озоди  иқтисодӣ ва  имконияти  содироти  маҳсулот  ба  бозорҳои  минтақавӣ  ҷалб   карданд.

 Аз тарафи  намояндагони  Кумитаи  давлатии сармоягузорӣва идораи амволи давлатӣ  Исмоилзода  Ҳаким, Ҷавоҳирлар  Музаффарӣ, Йоахим  Зигерт  презентатсияҳо (рӯнамоҳо)  доир  ба имкониятҳои  сармоягузории  Тоҷикистон, соҳаҳои  авзалиятнок, имтиёзҳо, инчунин  Бизнес  портали  В2В  пешниҳод  карда  шуд.

Масъалаҳои  ташкили  бизнес  миссияҳои  (бизнес ташрифҳо)  ширкатҳои  Испания  ва  Тоҷикистон,  воридоти  технологияҳои  испаниягӣ, имконияти  содироти   маҳсулоти  тоҷик  ба бозори  Испания, инчунин иштирок   дар  намоишгоҳҳои  дар ҳарду  кишвар  доиршаванда, мавриди  муҳокима  қарор   гирифтанд.

Тарафҳо  ба  тавофуқ  расиданд, ки  байни  онҳо  тамосҳо  идома  ёфта,  баъд  аз  мӯътадил  гардидани  вазъияти  бо сабаби пандемияи  коронавирус  ба вуҷуд омада, гуфтушунидҳо  дар  бораи  татбиқи   нақшаҳои  ҳосилгардида,   мустақиман  оғоз  мегарданд.  

Маркази  матбуотии  ПСС  ҶТ

 

 

 

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL