ТАБРИКОТ БА РӮЗИ МОДАР

Модарони азиз, хоҳарон, ҳамкорон, занони соҳибкор — Бонувони азиз! Лутфан табрикоти самимии моро бахшида ба Рӯзи Модарон – Рӯзи байналмилалии занон қабул намоед! Чун анъана, 8 март бо фарорасии баҳор рост омада , зебоӣ, меҳрубонӣ, фасли баҳор, бедоршавии табиат ва шодию хуррамиро дар худ таҷассум мекунад. Ҳама арзишҳои ҷовидонаи инсон: меҳру муҳаббат, оила, тарбияи фарзандон, тартибот дар хонаҳои мо, дастархони пурнозу неъмат, меҳрубонӣ – аз қадимулайём аз Шумо занони маҳбуби мо сарчашма мегиранд. Дар ин ҷашни хотирмони баҳорӣ, мо мардон ҳамеша мекӯшем, ки бо қалбхои саршори пур аз муҳаббат, нисбат ба занони азизамон —модарон, занон, духтарон, ҳамкасбон, миннатдорӣ ва меҳру муҳаббати худро изҳор намоем. Дар ҳама давру замон, дар байни ҳама халқу миллатхо, зан симои зебоӣ, меҳру мухаббат, ғамхории модарона ва сулҳу оромиро ифода мекунад. Имрузҳо муввафақият ва дастоавардҳои навин вобаста ба ҳама пахлуҳои зиндагӣ ба хирад, меҳру муҳаббат ва меҳнатдӯстии Шумо занҳои меҳрубон вобастагӣ дорад. Ташаккур ба шумо, занон, модарон , хоҳарон ва ҳамкорони азиз! Аз самими қалб ба шумо саломатӣ, сарбаландӣ, хушбахтӣ ва саодатмандӣ орзу менамоям! Бигзор дар зиндагии шумо ва оилаҳоятон хушбахтӣ, шукуфоӣ, шоду шодмонӣ ва меҳру муҳаббат ҷовидон бошад!

Бо камоли эҳтиром,

Раиси Палатаи савдо

ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Ҷамшед Ҷумъахонзода

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL