Ба имзо расонидани Созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои кории Тоҷикистон ва Афғонистон

Санаи 29.03.2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар доираи ин сафар, дар маросими  имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону  Афғонистон, дар қатори дигар санадҳои нави ҳамкорӣ, бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иктисод миёни ду кишвар, Созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои кории Тоҷикистон ва Афғонистон байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи саноат ва маъданҳои Афғонистон ба имзо расонида шуд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL