Муҳтарам дӯстон, ҳамкорон ва шарикони азиз!

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо бо муносибати 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик менамояд.

Ин рӯзи муқаддас ва дурахшон ба хотираи ҳамаи онҳое мебошад, ки ҷони худро барои ҳимояи Ватан бахшиданд ва баҳри озодӣ ва ҳаёти наслҳои оянда хизмат намуданд.

Мо корнамоии падарон ва бобоҳои худро ҳамеша дар хотир нигоҳ медорем. Мо аз таърихи худ ифтихор менамоем ва корнамоиҳои қаҳрамононаро ҳамеша нигоҳ ва афзун мегардонем.

Бигзор корҳо ва орзуҳои Шумо ба ҳифзи сулҳу осоиштагӣ, таъмини рушди устувор ва шукуфоии сарзамини азизамон хизмат намоянд.

Ба Шумо осмони осоишта, саломатии бардавом, хонаободӣ ва дар коратон муваффақиятҳои минбаъда таманно менамоем.

Раиси Палатаи савдо ва

саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Ҷумъахонзода Ҷ. Ҷ.

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL