ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО  МУАССИС ВА РАИСИ ШӮРОИ САФИРИ ИТТИҲОДИ ГЛОБАЛӢ ДАР АМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ

Санаи 17-уми августи соли 2021  Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо Муассис ва Раиси Шӯрои Сафири Иттиҳоди Глобалӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб ҷаноби  Рафаэл Нагел вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар рафти вохӯрӣ Ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни кишварҳои якдигар мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои ҷалби сармоягузорони ҷониби Аморатӣ ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷумла ба соҳаҳои саноати нассоҷӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, инчунин таъсиси корхонаҳои фармасефтикӣ ва коркарди маҳсулотҳои кишварзӣ дар Минтақаҳои Озоди иқтисодии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин, Ҷумъахонзода Ҷамшед зимни вохӯрӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузорони Арабӣ ба иқтисодиёти мамлакат, вобаста ба фазои мусоиди сармоягузорӣ ва саҳибкорӣ дар кишвар, ҳамзамон доир ба имтиёзҳову имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мазкур, маълумотҳои мушаххасро ироа намуда, ҷониби Аморатиро барои истифода аз имкониятҳои зикргардида даъват намуд.

 

 

Маркази матбуоти ПСС ҶТ 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL