Ба диққати соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон – аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумотатон эҳтиромона мерасонад, ки Идораи рушди тиҷорати Покистон (TDAP) аз 25 то 27 феврали соли 2022, дар шаҳри Лоҳури Покистон “Намоиши муҳандисии Покистон 22”-ро ташкил менамояд.

Намоишгоҳ имкони хубе барои барқарор намудани робитаҳои мустақими корӣ бо саноати Покистонро дар бахшҳои дорусозӣ, мошинҳои кишоварзӣ, асбобҳои ҷарроҳӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайраро фароҳам меорад.

Воридкунандагон/харидорон аз Тоҷикистон, ки хоҳиши иштирок дар ин намоишгоҳро доранд, метавонанд то 28 январи соли 2022 бо шӯъбаи тиҷоратӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамос гиранд.

Тафсилоти тамос:

  1. Рашид Имтиёз – Корманди тиҷорат ва сармоягузории Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тел:+992 93 877 01 25; почтаи электронӣ: tia_dusanbe@commerce.gov.pk;
  2. Акмал Ашуров – Корманди рушди тиҷорат (TDO), Тел: +992989131295, почтаи электронӣ: akmalashurov77@gmail.com.

Ҳамзамон,  дар поён барои ҳавасмандон мо ҷадвалро бо имтиёзҳои аз ҷониби ташкилкунандагон пешбинигардидаро пешниҳод менамоем.

Бештар 

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL