Бизнес-Форуми соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Арабии Миср ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамҷояги бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14-уми майи соли 2022 дар меҳмонхонаи Румӣ, дар доираи сафари соҳибкорон ва сармоягузоронӣ Ҷумҳурии Арабии Миср ба Тоҷикистон, Бизнес-Форум ва вохуриҳои дуҷонибаро бо иштироки беш аз 30 соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз 10 намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Арабии Миср, ки соҳаҳои авиатсия, энергетика, сайёҳӣ, фармасевтика на ғайраро дар бар мегиранд, баргузор намуданд.

Дар чорабинии мазкур Муовини якуми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хуршед Мирзо, Муовини Раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рустамова Манзура, Директори ширкати мисрии Алшатрӣ – Аҳмад Алшатрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки он мувофиқатҳое, ки байни Сарони ду давлат дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср моҳи марти соли ҷорӣ доир гардид, амалӣ гардида истодаанд.

Ҳамзамон дар доираи ин чорабинӣ, аз ҷониби Кумита имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии имкониятҳо дар бахши сайёҳии кишварамон ба меҳмонон ва имкониятҳои ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Арабии Миср аз ҷониби меҳмонон ба иштироккунандагон, муаррифӣ гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи ин чорабинӣ: Ёддошти тафоҳум байни МОИ “Кулоб” ва ширкати мисрии TBA AlShatri оид ба созмон додани корхонаи муштарак дар соҳаи хизматрасониҳои авиатсияи гражданӣ ва тақдими Шаҳодатномаи бақайдгирии ТБА «Ал-Шатри» дар минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», гардид

Пас аз баимзорасонии санадҳо вохуриҳои дуҷонибаи BxB, байни соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Арабии Миср ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL