Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд 3 сентябри соли 1977

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат: Тоҷик

Таҳсилот: Олӣ

Унвони илмӣ : Унвонҷӯй

Кадом забонҳои хориҷиро медонад:   Русӣ, англисӣ

Вазъи оилавӣ: Оиладор, соҳиби се фарзанд

Соли 1994 Донишкадаи давлатии забонҳо (рӯзона) факултаи забонҳои хориҷӣ, соли 2006 Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистон (ғоибона) факултаи иқтисод, соли 2010 Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро (ғоибона), факултаи ҳуқуқи тиҷоратиро хатм намуда, соҳиби ихтисосҳои иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос гардидааст.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1999-2002- Ёрдамчии маъмурияти ташкилоти байналхалқии «Врачи мира»;

 

Солҳои 2002-2004- Ёрдамчии маъмурияти ташкилоти байналхалќии «Врачи без границ»;

 

Солҳои 2008-2009- Ёрдамчии Раиси Кумитаи Давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

Солҳои 2009-2010- Сардори Раёсати корҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2010-2012- Муовини аввали Директори Муассисаи Давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

Солҳои 2012 то 27.11.2018

28.11.2018

Директори Муассисаи Давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Мукофотҳо: 

Медали тиллоии ташкилоти патентии Авруосиёгӣ бо номи В.И.Блинников (ЕАПО) “За вклад в изобретательское и патентное дело”;

Медали «Хизмати шоиста»;

Ҷоизаи олии муассиса “Нишони фахрӣ”