КОНФРОНС ДАР МАВЗӮИ «ДАР БОРАИ ЭТИРОФ ВА БА ИҶРО РАСОНИДАНИ ҲАЛНОМАҲОИ АРБИТРАЖИ ХОРИҶӢ»

Рӯзи 03.04.2010 соати 9-00 Конфересияи Ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи ҷалби сармоягузории хориҷӣ таввасути Конвенсияи Ню-Йорки аз соли 1958 «Дар бораи этироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои Арбитражи хориҷӣ» дар меҳмонхонаи Тоҷикистон баргузор гардид. Конфренсияро Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдою саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии Тоҷикагрофонд бо кӯмак ва сармоягузории Департаменти давлатии ИМА ва филиали Тоҷикистонии «Ҷомеаи кушодаи» — и Бунёди мадад ба нақша гирифтааст. Дар ҳаёти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба назар мерасанд. Фаъолияти соҳибкорӣ авҷ гирифта, муомилоти иқтисодӣ суръат ёфта, доираи амалӣ он васеъ мегардад. Албатта ҳар қадар алоқаҳои соҳибкорон ривоҷ ёбанд, ҳамон қадар эҳтимолияти ба вуҷудоии баҳсҳои ҳуқуқӣ дар байни онҳо зиёд мешавад. Бинобарин ин дар Ҷумҳурии Тоҷкистон ташкил намудани механизми ҳуқуқие, ки тавонанд ҳали таъҷилӣ, адолатнокона ва қонуннии баҳсҳои бавуҷудомада ва ҳифзи ҳуқуқҳои вайронкардашударо таъмин намояд, ниҳоят муҳим мебошад.

Яке аз тарзҳои самараноки алтернативии ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратй Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад Арбитражи байналмилали тиҷоратӣ баҳсҳои ҳуқуқии иқтисодиро оид ба алоқаҳои тиҷоратии беруна ва дигар алоқаҳои байналмилалии иктисодй дар байни хамагуна субъектхои хукук, агар ҷои ҷойгиршавӣ ва маҳалли зисти яке аз онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад, инчунин дигар баҳсҳои хоҷагии хусусияти иқтисодӣ доштаро, ки бо созиши тарафҳо барои ҳал намудан ба Арбитражӣ байналмилалӣ пешниҳод карда шудаанду қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намесозад, баррасӣ мекунад. Асоси ҳуқуқии фаъолияти онро Конвенсияи Ню-Йоркии соли 1958 ташкил медиҳад. Айни ҳол 140 давлати ҷаҳон иштирокчиёни Конвенсияи Ню-Йорки мебошанд. Дар Конференсия сухан дар атрофии мазмун, мундариҷа, тарзи ҳалли баҳсҳо ба воситаи Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ зарурият ва нақши он дар ҷалби сармояи хориҷӣ тибқи нишондоди Конвенсияи зикршуда меравад.
Дар кори конференсия намояндаҳо аз мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла; Вазорати Адлия, Вазорати иқтисод ва рушди савдо, Бонки миллӣ, Мақомоти Судӣ, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва намояндаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намудаанд. Барои инъикоси чорабинӣ мазкур Васоити Ахбори омма даъват карда шудаанд

ArrowArrow
Slider
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли
BUSINESS PORTAL