Вохӯрии тиҷоратии (бизнес-форуми) Туркия

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 16-уми феврали соли 2017 соати 11:30 дар толори Меҳмонхоани «Шератон» вохӯрии тиҷоратии (бизнес-форуми) доираи соҳибкорони Тоҷикистону Туркия бо иштироки Муовини Сарвазири Туркия баргузор мегардад.

Мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур ин ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ  мебошад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

 

Маълумоти муфассал: 

Тел: 223 06 69, 937004545, 221 58 38.

Email: members.tpptj@gmail.com

ArrowArrow
Slider
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли
BUSINESS PORTAL