Вохурии сохибкорони Индонезия 25 май
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 25 майи соли 2017 соати10-00 дар толори Палата Вохурии сохибкорони Индонезия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии чорабинӣ: рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак,дарёфти шарикон, ҷалби сармояву технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба, ноилгардидан ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми ҳарду кишвар унвон шудааст.
Аз ин лиҳоз, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки дар чорабинии мазкур иштирок намоед.