Ба диққати соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ба диққати соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Дар асоси Протоколи чоруми Комиссияи байниҳукуматии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, бо мақсади муаррифӣ намудани дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариш додани муносибатҳои тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва сармоягузорӣ ба маълумоти ширкатҳои истеҳсолкунандагонӣ ҷумҳурӣ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок намудан дар Намоишгоҳи молҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳҳои август-сентябри соли 2017 дар назар аст, даъват менамояд.
Дар ҳолати пайдо намудани таваҷҷуҳ барои иштирок дар Намоишгоҳ метавонед ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 10-уми июли соли ҷорӣ дархостро оиди иштирок пешниҳод намоед.
Телефон барои тамос : 227-13-78; 900 91-99-99 (Мирсаидов Дилшод) chamber@tpp.tj