Намоишгоҳи навбатии молҳои Ҳиндустон
Ба роҳбарон, аъзои
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо баён намуда, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №37250(22.7) аз 08. 06. 2017 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи навбатии молҳои Ҳиндустон баргузор мегарданд.
Мувофиқи нақша намоишгоҳҳо бо тартиби зерин ташкил мегарданд:
- Аз 14 то 23-уми июли соли 2017 дар бинои МД «Кохи Борбад»-и ш. Душанбе;
- Аз 26 июл то 08-уми августи соли 2017 дар ш. Хӯҷанди в. Суғд;
- Аз 12 то 20-уми августи соли 2017 дар ш. Қурғонтеппаи в. Хатлон Дар Намоишгоҳи мазкур саноати бофандагӣ ва дастӣ, молҳои ниёзи мардум, заргарӣ, саноати хӯрокворӣ, таҷҳизот ва технология ва ғайра пешкаш карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Кушодашавии расмии намоишгоҳ: 14 июли соли 2017, соати 10:00.
Маълумоти муфассал:
Тел: 2230669, 2210871
Email: members.tpptj@gmail.com