Мизи мудаввар 21.07.17
Ба роҳбарон, аъзои
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 21 июли соли 2017, соати 09:00 дар толори меҳмонхонаи «Шератон» мизи мудаввар оид ба ташкил намудани Бизнес шабакаи SAN(ScalingUpNutritionBusinesNetwork) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Алянси глобалӣ барои беҳдошти ғизо дастгирӣ карда шудааст, баргузор мегардад.
Мақсади асосии ташкил намудани Бизнес шабакаи SAN ин мусоидат намудан ба паст гардидани сатҳи нимгуруснагӣ бо тамоми шаклҳояш ба воситаи сафарбар намудани бахши хусусӣ, ҷиҳати ҷалби сармояҳо ва ба ақидаҳои нав расидан мебошад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Бақайдгирӣ: соати 08:30
Маълумоти муфассал:
Тел: 907390033.