ҳамоиши тиҷоратӣ бо соҳибкорони Провинсияи Хайнани Ҷумҳурии Халқии Хитой
Ба роҳбарон, аъзои
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 21 августи соли 2017 соати 09:00 дар Меҳмонхонаи «Шератон» ҳамоиши тиҷоратӣ бо соҳибкорони Провинсияи Хайнани Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор мегардад. Дар ҳамоиши мазкур 25 ширкати бонуфузи Провинсияи Хайнани Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, туризм, хӯрокворӣ, мева ва меваи хушконидашуда, сармоягузорӣ ва ғайра ширкат меварзанд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.
Бақайдгирӣ: 21август, соати 08:30
Маълумоти муфассал:
Тел: 223 06 69, 937004545
Email: members.tpptj@gmail.com