Маърӯза дар мавзӯи «Идоракунии офатҳои табиӣ ва бахши нақлиёт дар Тоҷикистон. Маълумоти банақшагирӣ»
Ба роҳбарон, аъзои
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 6 сентябри соли 2017 соати 10:00 дар толори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза дар мавзӯи «Идоракунии офатҳои табиӣ ва бахши нақлиёт дар Тоҷикистон. Маълумоти банақшагирӣ» доир мегардад. Чорабинӣ бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Маърӯзаро консултанти байналхалқӣ оид ба Идоракунии офатҳои табиӣ Ч. Келли мегузаронад, ки дар ин самт таҷрибаи зиёди корӣ дорад.
Дар робита бо ин, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Бақайдгирӣ: 6 сентябр, соати 09:30
Маълумоти муфассал:
Тел: 223 06 69,
Email: members.tpptj@gmail.com