Павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи махсусгардонидашудаи “ЭКСПО – 2017” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ғолиб омада сазовори ҷойи якум ва ҷоизаи тиллои гашт.

Аз 10 июн то 10 сентябри соли 2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Намоишгоҳи махсусгардонидашудаи “ЭКСПО – 2017” зери шиори “Энергияи оянда” (“Энергия будушего”) оғоз гардид.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 409, аз   1 — октябри  соли  2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори “Истифодаи оқилонаи захираҳои об ва нерӯ” дар Намоишгоҳ иштирок намуд.  Дар асоси қарори  мазкур, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва  иштироки   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар Намоишгоҳи  “ЭКСПО -2017” дар шаҳри Остонаи  Ҷумҳурии Қазоқистон созмон дода шуда буд ва Раиси Палатаи савдо ва саноати  Ҷумхурии  Тоҷикистон Шариф Саид Комиссари генералии  Экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноат Оператори Миллии экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи  байналмиллалии  махсусгардонидашудаи  ЭКСПО-2017 дар шаҳри Остонаи  Ҷумҳурии Қазоқистон таъин  шуда буданд. Инҷунин, тибқи қарори мазкур дар назди Палатаи савдо ва саноат Дирексияи экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи  байналмилалии  махсусгардонидашудаи  “ЭКСПО-2017” ташкил карда шуда буд.

Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи “Остона ЭКСПО-2017” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки он се моҳ давом кард, ҷамъбаст карда шуд. Дар ин Намоишгоҳ 115 давлатҳои ҷаҳон ва 22 ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок карда, барои мукофотҳои Намоишгоҳ довталабӣ намуданд.

Павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи “ЭКСПО-2017”-ро аз рӯи ҳисоботҳои пешакӣ бештар аз 400 ҳазор нафар, аз ҷумла намояндагони расмии аксар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мамлакатҳои қитъаҳои Аврупо ва Осиё, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва ватанӣ ташриф намуданд.

Рӯзи 09 сентябри соли 2017 дар толори “Энергия Экспо-2017” дар доираи рӯзи махсуси Бюрои Байналхалқии Намоишгоҳ, мамлакатҳо – иштироккунандагони Намоишгоҳ аз ҷониби Бюрои Байналмиллалии Намоишгоҳ бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

Пеш аз ҳама, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои иштироки шахсӣ ҷиҳати баргузории Намоишгоҳи ЭКСПО-2017, ки он ба муваффақиятҳо ноил гардид, бо якумин “Медали тиллоӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар категорияи “Кушодани мавзуи намоишгоҳ” ба Ҷоизаи тиллоии категорияи “Д” ва ҷойи якум сазовор гардид.

Омилҳои асосии ин комёбӣ дар Намоишгоҳ — дар заминаи консепсия ороиш додани экспозитсия бо макетҳои (намунаи) захираҳои обӣ, иқтидори гидроэнергетикӣ, Неругоҳи барқи обии Норак, хатҳои баландшиддати энергетикии “Лолазор-Хатлон”, “Ҷануб — Шимол”, харитаи захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ, ороиш додани харитаи “CASA-1000”, истифодаи технологияи нави фарши замини павилон таҳти унвони “Оби равон”, ба воситаи экран намоиш додани захираҳо, экспонатҳо, маводҳои иттилоотӣ доир ба мавзӯъ, СД-диски “Раҳнамои тиҷоратӣ”, китобу китобча (брошура) ва тарҳҳои гуногун, ороиши гӯшаи таърих ва фарҳангии кишвар бо макетҳои “Ҳулбук” ва “Аҷинатеппа”, аксҳо аз захираҳои боигарии кӯҳӣ, табиат, наботот, гӯшаи фурӯши армуғонҳо ва дарахти баландиаш 4,5 метра бо сангҳои ороишии истеҳсоли корхонаи “Рухом” гардид.

Дар экспозитсияи Намоишгоҳ пеш аз ҳама намоиши раванди татбиқи пешниҳоди ташаббусҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид: соли 2003 таҳти унвони “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва солҳои 2018-2028 “Об барои рушди устувор” муаррифӣ карда шуда буд. Баргузории “Рӯзи миллии Тоҷикистон” бошад, ки 12 июни соли 2017 баргузор гардид дар ин самт низ мусоидат кард.

Гузаронидани конференсияю семинарҳо ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма дар Намоишгоҳ ҳамеша дар мадди назар буд.

Бо назардошти гуфтаҳои дар боло иброз карда шуда, мо тавонистем мавзӯи пешниҳодшударо дар Намоишгоҳ кушода, ба таври васеъ муаррифӣ намоем.

Дар баробари ин, дар мавзуъҳои дигари Намоишгоҳ давлатҳои Олмон, Финляндия, Федератсияи Россия ва Қатар низ соҳиби ҷоизаҳои тиллоӣ гардидаанд. Ғайр аз ин, якчанд давлатҳои дигар бо ҷоизаҳои нуқрагӣ ва биринҷӣ сарфароз шуданд.

Анъанаи мукофотонидан дар намоишгоҳҳо минбаъд ба идома додани иҷрои лоиҳаҳо дар мавзуи “Энергияи оянда” (“Энергия будущего”) албатта мусоидат менамояд.

Маросими ботантанаи пӯшидани Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи “ЭКСПО-2017” 10 сентябри соли ҷорӣ  баргузор гардид.

 

 

Маркази матбуоти

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ArrowArrow
Slider
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли
BUSINESS PORTAL