Рузи фарҳангии ш. Санкт-Петербург дар ш. Душанбе
Ба роҳбарон, аъзоёни
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки рӯзи 25 сентябри соли 2017 соати 14:00 дар МД «Душанбе Плаза» маросими кушодашавии рузи фарҳангии ш. Санкт-Петербург дар ш. Душанбе баргузор мегардад. Дар доираи ин чорабинӣ мизи мудаввар оид ба масъалаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва мубодилаи дуҷонибаи корӣ байни соҳибкорон доир мегардад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона барои иштирок дар ин чорабинӣ даъват менамоем.
Бақайдгирӣ: 25 сентябри соли 2017 соати 13:00
Маълумоти муфассал:
Тел: +992 (37) 224 16 19
Email: torg@rustrade.tj