ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Покистон
Ба роҳбарон, аъзои
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 24-уми октябри соли 2017 соати 10:00 дар толори Палата ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Покистон баргузор мегардад. Дар кори чорабинӣ бахшҳои сайёҳӣ, саноати сабук (текстиль), хӯрокворӣ, Форматсевтика (техника ва таҷҳизотҳои хирургию стаматологӣ), сохтмон (лифт ва эскалаторҳо), энергетика (насосҳои обӣ), кишоварзӣ, сармоягузорӣ ва ғайра иштирок менамоянд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ,ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Покистон даъват менамоем.
Маълумоти муфассал:
Тел: 2230669, 2210871, 937004545