Вохӯрии Шариф Саид бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркменистон ва Қирғизистон хонум Кийтуметси С.Т. Мэттюс
21.11.2017 Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири тозаинтихоби фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркменистон ва Қирғизистон хонум Кийтуметси С.Т. Мэттюс вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо дар масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ суҳбат намуданд.
Аз ҷумла Шаиф Саид қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи географӣ хело дар як минтақаи хуб қарор дорад. Инчунин 93%-и масоҳати умумии кишвари моро куҳҳо дар бар мегиранд ва аз ҳамин сабаб Тоҷикистон аз ҷиҳати канданиҳои фоиданок хело бой мебошад. Айни ҳол бошад таваҷҷуҳи мо барои ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои муосир барои коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, пахта, пила, саноати сабук, мошинсозӣ, коркарди сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо ва ғайра равона гардидааст. Инчунин дан Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки барои омода намудани доруворӣ хело мавқеи хуб доранд.
Ҳамчунин дар навбати худ хонум Кийтуметси С.Т. Мэттюс қайд кард, ки Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ низ иқтидори зиёди истеҳсоли мева ва дигар намуди маҳсулоти хоҷагии қишлоқро доро мебошад. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ хело рушд кардааст. Аз сабаби он ки Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ҳам иқтидори зиёди истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқро доро мебошад, мо метавонем дар самти коркарди он ҳамкории хубе дошата бошем.
Кийтуметси С.Т. Мэттюс қайд кард, ки «Боварии комил дорам, ки ин вохӯрии мо дар рушди муносиботи иқтисодиву тиҷоратии миёни кишварҳоямон як қадами тозае мебахшад».
Шариф Саид ба хонум Кийтуметси С.Т. Мэттюс СД-дики «Роҳнамои тиҷорат»-ро, ки дар он маълумотҳои зиёде дар бораи Тоҷикистон мавҷуд аст, туҳфа намуданд.
Хонум Кийтуметси С.Т. Мэттюс дар охир Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саидро барои дар Номоишгоҳи байналмилалии «ЭКПО-2017» мақоми аввал ва ҷоизаи тиллоӣ гирифтанашон табрик намуда, қайд намуд, ки «Ин ҷоиза ҷоизаи миллӣ буда Тоҷикистон чемпиони ҷаҳон гардид»
Маркази матбуотӣ ПСС ҶТ