23-юми декабри соли 2017 дар майдони назди Маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе намоиши маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» доир гардид.

23-юми декабри соли 2017  дар майдони назди Маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе  намоиши маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» доир гардид.

Дар намоиши  мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила,  Кумитаи  кор бо ҷавон ва варзиш, Кумитаи телевизион ва радио, шаҳру ноҳияҳои гирду атрофии шаҳри Душанбе,  шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшани вилояти Суғд, , Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва аз он ҷумла, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳим, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори Диплом барои ишғоли ҷойи якум дар Озмуни ҷумҳуриявии “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” гардид, ки рӯзи 25-уми декабри солии 2017 аз ҷониби Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бодурова Олуфта Заробековна ва Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид тақдим намуданд.

Ғайр аз ин, барои иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявӣ, Муовини  Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангов Одил Асламович бо Сипосномаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шуд.

 

ArrowArrow
Slider
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли
BUSINESS PORTAL