Нишасти матбуотӣ дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 январи соли 2018 ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2017 доир гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма: АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Чархи гардун», “Халқ овозӣ”, Душанбе», «Халқ овозӣ», “Боҷу хироҷ”, “Минбари халқ”, муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», “Мир”, “Душанбе”, радиоҳои «Тоҷикистон», «Ховар», «Садои Душанбе», журнали “Иқтисодчӣ” ва ғайра иштирок намуданд.
Ба иштирокчиёни нишасти матбуотӣ ахбороти Раиси Палата савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид оид ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилот дар нимсолаи дуюми соли 2017, инчунин дастовардҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2017 ва нақшаҳои нимсолаи аввали соли 2018 пешниҳод гардид. Баъди хотимаи ахборот намояндагони васоити ахбор оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Палата саволҳо дода ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон