Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Корея-2018
Ба роҳбарон, аъзои
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз 14 то 17 июни соли 2018 дар шаҳри Сеули Корея «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Корея-2018» баргузор мегардад.
Палата иштироки Шуморо дар намоишгоҳи мазкур бо мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии кишвар, табодули таҷриба, ҷалби сайёҳон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байнисоҳавӣ бо муассисаҳои сайёҳии кишварҳои хориҷӣ мувофиқи мақсад мешуморад.
Маълумоти муфассал:
Тел: 2230669, 937004545
Email: members.tpptj@gmail.com