Вохурии Раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид бо менеҷери генералии ширкати Арабистони Саудӣ «Reghadan tourist resort” Салеҳ А.Тавӣ

Рузи 6-уми феврали соли ҷорӣ, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид вохуриро бо менеҷери генералии ширкати Арабистони Саудӣ «Reghadan tourist resort” Салеҳ А.Тавӣ анҷом дод.

Маълум гардид, ки Салеҳ А.Тавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ намудан бо имкониятҳои васеи ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дарёфт намудани шарикони ҳамкор дар амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.

Дар навбати худ Раиси Палата Шариф Саид бо маќсади васеъ намудани муносибатҳои мутақобилан судманд, меҳмонро бо имкониятҳои мавҷудбудаи ҳамкориҳо, мусоидат ба ҷалби сармоя бо самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз он ҷумла:  гидроэнергетика, саноати кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, сохтмон, саноати сабук, саноати хурокворӣ, кишоварзӣ, сохтмони роҳу пулҳо, сотмони нақбҳо, телекомуникатсия, молия, бонкдорӣ, тандурустӣ (дорусозӣ), сохтмони инфраструктураи сайёҳӣ, маориф, сохтмони Маркази Байналмиллалии Намоишгоҳӣ дар шаҳри Душанбе  ичунин,  воридоти таҷҳизоту технологияи ҳозиразамони инноватсионӣ барои коркарди ашёи хоми ватанӣ, (аз ҷумла коркарди гиёҳҳои шифобахш, пахта, пилла, пашм),   ташкил намудани корхонаҳои муштараки истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва афзун гардонидани содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар аз он ҷумла содироти оби нӯшокӣ ба Арабистони Саудӣ ва ғайра, шинос намуда пешниҳод намудаанд, ки дар Тоҷикистон як дафтари ширкат кушода шавад.

Меҳмони олиқадр Раиси Палатаро барои додани ахбороти пурра миннатдорӣ намуда, ҳамчунин бо ҷоизаи тиллоӣ ва гирифтани ҷойи якум дар Намоишгоҳи ЭКСПО-2017 Астана табрик намуд ва омодагии худро барои сармоягузории лоиҳаи соҳаи тандурустӣ, сохтмонӣ корхонаи дорусозиро бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Дар анҷоми вохурӣ Раиси Палата ба меҳмон СД Диски “Раҳнамои тиҷорат”-ро, ки дар он  маълумотҳои зарурӣ оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ, рӯйхати лоиҳаҳои соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, руйхати корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондоди суроға ва фаъолияти онҳо ва ҳамчунин тамоми маълумотҳои лозима барои сармоягузорони хориҷӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ бо мақсади паҳн намудани он байни доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Арабистони Саудӣ тақдим намуда доираи соҳибкоронро барои иштирок дар намоишгоҳи “Тоҷикистон-2018”, ки баргузории он охири моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.

 

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли
BUSINESS PORTAL