Шиносоӣ бо тибби анъанавии Аюрведаи Ҳиндустон
15-уми феврали соли 2017 дар меҳмонхонаи Шератони шаҳри Душанбе семинар-намоишгоҳи тибби анъанавии Аюрведаи Ҳиндустон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Протоколи 9-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хиндустон, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сомнатх Гош, Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамова Манзура Акрамовна, Сардори Раёсати фармасевтикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулазизов Салим, Доктор Дудхамал Тукарам Досенти Донишгоҳи Аюрведаи Гуҷарат, Доктор Махаматра Арун Кумар — Досенти Донишгоҳи Аюрведаи Ню Деҳлӣ, Доктор Голи Пенчала Прасад – Ёрдамчии директор (Аюрведе) Донишгоҳи миллии тиббии меросии Вазорати AYUSH , ш. Ҳайдарободи Ҳиндустон, Доктор Нариндер Сингх-Досенти Донишгоҳи миллии Аюрведаи Ҷайпур, намояндагони вазоратҳо ва муассисаҳои соҳаи фармасевтика ва тибби анъанавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бештар аз 60 намояндагони бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мақсади асосии баргузор намудани ин чорабинӣ пеш аз ҳамма барои баланд бардоштани савияи маълумотнокии намояндагони башхи фармасевтика ва тиббӣ анъанавӣ мебошад.
Семинари мазкурро Сафири Ҳиндустон ҷаноби Сонатх Гош оғоз намуда қайд намуд, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон дорои технологияҳои ҳозиразамон ва ҳамчунин тибби анъанавӣ, ки таърихи ҳазорсоларо доро мебошад ва Аюрведа яъне илми ҳаёт, ки системаи кадимаи дониш оид ба мувофиқати ҳаётро ва зиндагонии солими одамро дар бар мегирад ва муолиҷаи алтернативӣ ба ҳисоб меравад рушд ёфтааст ва аз ин лиҳоз мо тасмим гирифтаем, ки шуморо бо ин самт яъне бо усули алтернативии тибби анъанавӣ шинос намоем.
Дар баромади худ Муовини ПСС ҶТ Рустамова М.А. изҳор дошт, ки соҳаи фармасевтика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти кишварамон Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми навбатии худ оид ба масъалаҳои рушди фармасевтика диққати махсус зоҳир намудаанд ва баҳри амалӣ гардонидани ин пешниҳодҳо мо бояд саъю кӯшиш намоем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳи ба ҳисоб рафта табиати мо аз гиёҳҳои шифобахши аз ҷиҳати экологӣ тоза бой мебошад ва дар мавриди ҳозира барои моён пеш аз ҳамма ҷалб намудани технологияҳои ҳозиразамон ба ин соҳа афзалият мебошад ва мо бояд истифода аз ашёи хоми ватаниамон барои созмон додани корхонаҳои муштарак ва ҳамчунин бо истифода аз имкониятҳо ва имтиёзҳои дар Минтақаҳои Озодӣ Иқтисодиамон мавҷудбуда, самаранок истифода барем.
Дар кишвар барои сармоягузорон фазои хеле мусоид муҳайё карда шудааст. Қонун дар бораи ҳимояи сармоягузорон амал намуда, барои сармоягузорон имтиёзҳои зиёд муқаррар карда шудаанд” – қайд намуд ӯ.
Дар навбати худ аз ҷониби меҳмонон тиббӣ анъанавии Аюрведа пурра муаррифӣ гардид ва диққати иштирокчиёнро барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон додани Марказӣ Аюрведа бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ҷалб намуд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ