Намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

             Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.

         Палатаи савдо ва саноати          Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилоатон мерасонад, ки Намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 1011 марти соли 2018 дар бинои МД “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин” (Манеж)-и ш. Душанбебаргузор мегардад.

         Мақсади баргузор намудани чорабинӣ ин рушди молҳои содиротии Тоҷикистон ва хизматрасониҳо, аз ҷумла баромадан ба бозори хориҷ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, муарифӣ ва ҳифзи манфиати иқтисодии субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ дар бозори ҷаҳон, таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак мебошад.

         Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба Намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамоем.

                 Оғози кори Намоишгоҳ: рӯзҳои 1011 март, аз соати 10:00 то 18:00

Сурогаш. Душанбе, к. Спортивная 2. (Манеж)

 Маълумоти муфассал: 

Тел: 2230669,  2210871

Emailmembers.tpptj@gmail.com  

ArrowArrow
Slider
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли
BUSINESS PORTAL