Первый Деловой Совет Таджикистан-Узбекистан 8 марта
Ба роҳбарон, аъзои
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромоти худро ба Шумо изҳор намуда, миннатдориашро ҷиҳати ҳамкориҳои ҳамаҷониба иброз менамояд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилоатон мерасонад, ки 8 марти соли 2018 соати 15:00 дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи “Хайат Реҷенси” Ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистону Узбекистон баргузор мегардад.
Мақсади баргузор намудани чорабинӣ ин рушди молҳои содиротии Тоҷикистон ва хизматрасониҳо, аз ҷумла баромадан ба бозори хориҷ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, муарифӣ ва ҳифзи манфиати иқтисодии субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ дар бозори ҷаҳон, таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак мебошад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо ба кори ҷаласаи номбурда даъват менамоем.
Маълумоти муфассал:
Тел: 2230669, 937004545
Email: members.tpptj@gmail.com