Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» ва ҳамоиши доираи соҳибкорон
Ба роҳбарон, аъзои
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз 29 то 31-уми марти соли 2018дар МД «Кохи Борбад» Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» баргузор мегардад. Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Иди Наврӯз ташкил карда шудааст.
Кушодашавии расмии намоишгоҳ — 29-уми март, соати 10:00.
Вақт ва рӯзҳои кории намоишгоҳ 29-31 марти соли 2018 аз соати 9:00 то 17:00.
Дар доираи Намоишгоҳи мазкур рӯзи 29-уми марти соли 2018, соати 15:00 дар толори МД «Кохи Борбад» ҳамоиши доираи соҳибкорон бо иштирокчиёни намоишгоҳ баргузор мегардад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабиниҳои мазкур даъват менамоем.
Маълумоти муфассал: 223 06 69, 221 08 71,