16-умин ЭКСПО хӯроквории Чин
Ба роҳбарон, аъзои
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки аз 16 то 18 майи соли 2018 дар шаҳри Луохеи музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин «16—умин ЭКСПО хӯроквории Чин» аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Луохе, Комиссияи саноат ва иттилооти музофоти Хэнан, Раёсати тиҷорат ва Ассотсиатсияи саноати хӯроквории Хэнан бо дастгирии Вазорати тиҷорати Чин, инчунин дар ҳамкорӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Созмони умуммиҷаҳонии тандурустӣ ва Иттиҳоди шабакаҳои умумиҷаҳонии савдо таҳти унвони «Ҳамгироии навоварӣ, бунёди қувваи нав барои рушди саноати хӯрокворӣ» баргузор мегардад.
Мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур ин ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкоронмебошад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба Намоишгоҳи мазкур даъват менамоем.
Маълумоти муфассал оид ба чорабинӣ:
Тел: +86 18601948296
Email: emilyt2013@163.com