Вохӯрии доираи соҳибкорон бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Бразилия
Ба роҳбарон, аъзоёни
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 8-уми майи соли 2018, соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи Палата вохӯрии доираи соҳибкорон бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Бразилия баргузор мегардад. Мутобиқи супориши Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №111109(29-8), аз 17. 03. 2018 сол чорабинии мазкур бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
Ҷумҳурии Федеративии Бразилия кишвари саноатӣ-аграрӣ буда, аз захираҳои табии бой аст ва барои рушди муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои мавҷуда васеъанд. Ин кишварщо метавонанд ҳамкориҳоро дар самтхои иқтисодию тиҷоратӣ, обу энергетика, саноату кишоварзӣ ва рушди сайёҳӣ ривоч диҳанд.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона бавохӯрии доираи соҳибкорон бо Сафири Бразилия даъват менамоем.
Бақайдгирӣ: соати 09:30
Барои маълумот:
Тел: 2230669, 2210871
Email: members.tpptj@gmail.com