Шӯрои якуми кории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамоиши (бизнес-форуми) доираи соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

Ба роҳбарон,  аъзои

Палатаи савдо ва саноати

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

        

         Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки 9-уми августи соли 2018 соати 09:00 дар толори меҳмонхонаи “Шератон” Шӯрои якуми кории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамоиши (бизнес-форуми) доираи соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мегардад. Дар кори чорабинӣ бахшҳои сохтмон, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология),кӯҳканӣ, металлургӣ, кимиё, мошинсозӣ, таҷҳизот ва технологияҳои барқӣ, мебел ва ғайраҳо ширкат меварзанд.

         Мақсади баргузор намудани чорабинии мазкур ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор,  дарёфти самтҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ  мебошад.

         Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба Шӯрои якуми кории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамоиши (бизнес-форуми) доираи соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон даъват менамоем.

        

         Бақайдгирӣ: 9-уми августи соли 2018 соати 08:30    

         Барои маълумот: 

         Тел: 2230669, 937004545

         Email: members.tpptj@gmail.com 

 

         Қаблан сипосгузорем.

ArrowArrow
Slider
Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли
BUSINESS PORTAL