Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2018”
Ба роҳбари корхона,
ширкат – аъзоёни
Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10-13 августи соли 2018, дар бинои Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2018” баргузор мегардад.
Дар намоишгоҳи мазкур намояндагони ширкатҳои хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Туркия ва ширкатҳои ватанӣ иштирок менамоянд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо ба ба кушодашавии расмии Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2018”, ки санаи 10-уми августи соли 2018 соати 15:00 дар бинои МД “Кохи Борбад” баргузор мегардад, даъват менамояд.
Барои маълумот бо телефони шӯъбаи фаъолияти намоишгоҳӣ бо № 227-13-78 муроҷиат намоед.