Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хосаи худро баён намуда, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз санаи 28 феврал то 08 марти соли 2019 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар «Дуюмин намоишгоҳи байналмилалии асал-2019» баргузор мегардад.
Вазорати иқтисод ва савдои Давлати Катар барои ҳар як ширкати иштироккунанда дар яке аз меҳмонхонаҳои бозори “Воқиф” дар Давҳа ҳамчун ҷониби пазиранда як утоқ ба таври ройгон таъмин менамоянд.
Дар сурати пеш омадани зарурат барои утоқи иловагӣ, хароҷоти он аз ҷониби ширкатҳои иштироккунанда пардохт карда мешавад. Илова ба ин барои иштирокчиёни намоишгоҳ барои интиқоли асал ва дигар маҳсулот тавассути ширкати ҳавоии қатарї то 25% таҳфиф пешниҳод мегардад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Маълумоти бештарро шахсони тавваљўҳдошта метавонанд аз сомонаи ташкилкунандагони намоишгоҳ: hhtp://honeymarket.souqwaqif.qa тел: 0097433144237 пайдо намоянд.