26 январи соли 2026 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи нахустин мағозаи бренди «Тоҷикзамин», ки дар доираи ташаббуси «Як деҳа - як маҳсулот» таъсис ёфтааст, баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кэйко, Ноиби калони Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва истеҳсолкунандагони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ маҳсулоти нави аслии бренди «Тоҷикзамин», инчунин маҷмӯи васеи маҳсулоти босифати истеҳсолкунандагони хурди маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар муаррифӣ карда шуданд. Ба ин маҳсулот ғизои органикӣ, маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва малҳаму лавозимоти ороишии табиӣ, ки таҷассумгари захираҳои маҳаллӣ ва донишу анъанаҳои миллии кишвар мебошанд, дохил мешаванд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки ташаббуси «Як деҳа - як маҳсулот» ба муайян ва истифода намудани иқтидору имкониятҳои иқтисодии шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳот, рушди истеҳсоли ватанӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ ва анъанаҳои миллӣ, мутобиқсозии маҳсулот ба стандартҳои байналмилалии сифат ва таҳкими иқтидори содиротӣ равона гардидааст.
Аз оғози ташаббус дар кишвар то имрӯз як қатор натиҷаҳои назаррас аз қабили таъсиси Кумитаи муштараки роҳбарикунанда, таҳияи харитаи роҳ бо муайян намудани 100 номгӯйи маҳсулоти дорои афзалият, ба роҳ мондани фаъолияти маркази истеҳсолӣ дар шаҳри Бохтар, баргузории мунтазами чорабиниҳои миллӣ ва ҳамкории фаъол бо зиёда аз 20 корхонаҳои соҳибкории хурд дар 11 шаҳр бо фарогирии беш аз 100 нафар бо шуғл ва истеҳсоли зиёда аз 100 намуди маҳсулот, аз ҷумла таҳия ва истеҳсоли 22 номгӯйи нави маҳсулот бо дастгирии коршиносони байналмилалӣ ба даст омаданд.
Ноил гардидан ба чунин дастовардҳо гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон дорои захираву имкониятҳои мусоид барои татбиқи муваффақ ва густариши минбаъдаи ташаббуси «Як деҳа - як маҳсулот» мебошад, ки ба рушди устувори иқтисоди маҳаллӣ ва миллӣ мусоидат менамояд.