Ахборот оид ба баргузор намудани нишасти матбуотӣ дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 январи соли 2019 ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.2011 № АП-1729, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 26/10-179 аз 11.12.2018с. дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Палата дар соли 2018 доир гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма: АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета», «Ҷумҳурият», “Минбари халқ”, “Фараҷ”, Муассисаи Давлатии телевизион ва радиои “Мир”, “Сафина”, “Душанбе”, радиоҳои «Ховар», «Садои Душанбе», маҷаллаи “Илм ва Ҳаёт” ва ғайра иштирок намуданд.
Ба иштирокчиёни нишасти матбуотӣ ахбороти Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон оид ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилот дар соли 2018 пешниҳод гардид.
Зикр карда шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат роҳҳои сиёсати давлатии инкишофи иқтисоди бозоргонии муосир, соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқии ҳифзшавандаи моликият, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулотҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва ба бахши хусусӣ додани имтиёзҳо, гузариш аз шакли аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ, Палатаи савдо ва саноат дар ин самт сиёсати инкишофи Бизнес-алоқа, истифодаи механизми самараноки инкишофи савдо ва интегратсияро пеш мебарад.
Муроҷиатномаи Раиси Палата “Дар бораи ҳамкории байналмиллалӣ”, “Дар бораи содироти маҳсулоти кишоварзӣ” ба аксар давлатҳо дастрас гардид ва ин ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо мусоидат карда истодааст.
Палатаи савдо ва саноат бо аксар Палатаҳои ҷаҳон дар доираи тартибот самаранок ҳамкорӣ намуда, манфиати соҳибкоронро дар асоси фаъолияти Шӯроҳои корӣ ва иштироки онҳо дар намоишгоҳҳои мамлакатҳои дуру наздиқ таҷассум менамояд.
Дар шароити Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) Палата ба иштирокчиён оиди пешбурди экспертизаи мустақил, баҳодиҳии сифати маҳсулот, пайдо намудани иттилооти корӣ, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, баргузории муаррифӣ, мизҳои мудаввар, намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо, Шӯроҳои корӣ, Бизнес-Форумҳо ва ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорон ва тренингҳо мусоидат менамояд.
Баъди хотимаи ахборот намояндагони васоити ахбор оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Палата саволҳо дода ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ба иштироккунандагони вохӯрӣ иловатан варақаи иттилоотӣ ва дигар маводҳо пешниҳод карда шуд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ