Вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумуҳрии Тоҷикистон бо соҳибкорони вилояти Суғд

    Санаи 31 январ дар шахри Хуҷанд вохурии Раиси  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳарии Тоҷикистон   Ҷамшед Ҷумъахонзода  бо аъзоёни Палатаи савдо ва саноат ва соҳибкорони Вилояти Суғд  баргузор гардид. Чорабиниро Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳамедҷонов оғоз намуда иброз намуд, ки мақасд аз баргузории ин мулоқот муарифии хизматрасониҳои Палатаи савдо ва саноат ба соҳибкорон, шунидани фикру дархостҳои соҳибкорон доир ба пешрафти фаъолияташон иборат мебошад.

Дар ин ҷамъомад муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъкуби  иштирок намуд.  Роҳбари  Палатаи савдо ва саноат ҳадафи мулокотро  шиносои бо соҳибкорони вилоят, муттаҳид намудани  истеҳсолкунандагони ватани ва муаррифии  маҳсулоти истеҳсолнамудаи  онҳо  арзёби карда зикр намуд, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон  ҷиҳати дастгирии соҳибкорон, фароҳам овардани  шароити мусоиди фаъолият ва ба ин васила  истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, таъсиси нави ҷойҳои кори  ва беҳтар намудани  зиндагонии мардум тадбирҳои судманд меандешад.

      Пешрафти ҳамкории  иктисодии беруна  барои Палатаи савдо ва саноат яке аз омилҳои  асосии  баланд бардоштани  иктисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад. Бо ҳамин максад  Палатаи савдо ва саноат  бо Палатаҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Аъзоёни  Палатаи савдо ва саноат аз 600 корхонаҳо ва ташкилоти шаклҳои  гуногуни  моликият дошта  иборат мебошад.  

 Муовини  Раиси вилояти Суғд А.Яъкуби зикр дошт, ки  ин тадбир  бо максади  иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон  вобаста  ба эълон намудани саноатикунонии  босуръати милли, ки ҳамчун ҳадафи  ҷоруми  стратегии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст сурат гирифт. Дар Паёми навбатии худ  Президенти мамлакат аз ҷумла зикр намуданд, ки «Мо бояд  фаъолияти  худро доир ба ҷалби сармояи мустакил, бунёди корхонаҳои  нави истеҳсоли, ба кор андохтани  корхонаҳои  аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои кори  вусъат бахшем».

 Мулокот дар фазои  озоду якдигарфаҳми сурат гирифта ҷонибҳо вобаста ба  ҳамкори дар самти истеҳсолот, ташкили корхонаҳои муштарак, истеҳсоли маҳсулоти ракобатпазир андешаҳояшонро баён намуданд.

Дар охир  ба 30-нафар аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва содироткунандагони молу маҳсулот сипоснома супорида шуд.

 

 

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL