Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони Москва ба имзо расид.

    Дар доираи сафар ба шаҳри Москва санаи 12 феврал дар Ассотсиатсияи соҳибкорони Москва вохӯрии Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Мухамедҷонов бо муовини Директори ин Ассотсиатсия  Разинов Александр Григорьевич  доир гардид. Дар вохӯри доири густариши муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба, воридоти технологияи нав ба вилояти Суғд ва ба роҳ мондани содироти асал, хушкмеваҳо ва дигар молу маҳсулотҳо ба шаҳри Москва гуфтушунид доир гардид.

     Дар интиҳои мулоқот бо мақсади пешбурди муносибатҳои тиҷоратию иқтисоди ва баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф миёни соҳибкорони ду минтақа Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони Москва  ба имзо расонида шуд.

 

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL